Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

29.02.2012
Семинари машваратӣ оид ба омори гендерӣ

Дар доираи лоиҳаи «Гендер ва идоракунии демократӣ барои рушд – пешниҳоди хизматҳои асосӣ барои занон» дар Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, оид ба омори гендерӣ семинар доир гардид. Семинари мазкурро мутахассисони Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба масъалаҳои гендерӣ машғуланд, гузарониданд.

Мақсади асосии семинар аз пешниҳоди натиҷаҳои арзёбии ҳолати омори гендерӣ дар омори иҷтимоӣ, баррасии нақшаҳои минбаъдаи омӯзиш ва чорчӯбаҳои меъёрии омори гендерӣ иборат буд.

Дар семинар бо нутқи ифтитоҳӣ ва фаҳмонидани мақсад ва вазифаҳое, ки дар назди  мақомоти омор вобаста ба сиёсати гендерӣ гузошта шудаанд, Муовини Директори Агентии омор – Норов Қ.Д. ва сардори раёсати муносибаҳои меҳнатии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷимоии аҳолӣ – Раҷабов Р.О. баромад намуданд.

Дар чорабинии мазкур мутахассисони Донишкадаи илмӣ-тадқиқотии меҳнат, мутахассисони раёсати ҳифзи иҷтимоии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Агенти суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, намояндаи ташкилоти байналмилалии СММ «Занон» ва ғайраҳо иштирок намуданд.

Сардори шӯъбаи омори иҷтимоии Агентии омор – Будникова Е.В. дар бораи натиҷаҳои арзёбии омори мавҷуда оиди дастрасӣ ба ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, бахусус занон ва кӯдакон баромад намуд.

Иштирокчиён бо хазинаи маълумотҳои мавҷудаи Агентии омор барои дар оянда истифода намудани ин механизм дар муассисаҳои ҳифзи иҷимоӣ дар сатҳи ноҳияҳо шинос карда шуданд, имконият медиҳад то ба маълумотҳои маъмурии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷимоии аҳолӣ дастрасӣ осон гардад.

Диққати махсус ба пешниҳоди маълумотҳо оид ба пардохтии кӯмакҳои иҷтимоӣ ва нафақа аз рӯи тақсимоти гендерӣ, аз нав дида баромадани шаклҳои ҳисоботи оморӣ, мӯҳлатҳои пешниҳоди маълумотҳо барои нашри саривақтии маҷмӯаи омории «Занон ва мардҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» равона карда шуд.

Барои азнавсозии хазинаи маълумотҳо дар бораи ҳолати занон ва кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷониби Агентии омор нишондиҳандаҳои нав, ба мисли ҳиссаи хароҷотҳо барои ҳифзи иҷимоӣ аз рӯи таваккалият/вазифаҳо, пардохтҳои пулӣ ба оилаҳо/кӯдакони гурӯҳҳои муайяни камбизоат бо ҳисоби фоиз нисбат ба ҳамаи пардохтҳои пулӣ ба оилаҳо/кӯдакон пешниҳод карда шуданд.

Иштирокчиёни семинар фикру андешаҳои худро оид ба беҳтар намудани фаъолияти ҳамоҳангии мутахассисоне, ки ба ба ҷамъоварии маълумотҳои омори гендерӣ машғул ё масъул ҳастанд, беҳтар намудани маълумотҳо оид ба пардохти кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ ва шумораи кӯмакгирандаҳа дар тақсимоти минтақаҳои ҷумҳурӣ баён намуданд.

Бо дарназардошти пешниҳоди иштирокчиён Агентии омор гузаронидани омӯзишҳоро барои кормандони Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва агентиҳои он дар сатҳи ноҳияҳоро ба нақша мегирад.

 

Другие новости