Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

16.02.2012
Ҷаласаи навбатии Шӯрои методологии Агентии омор баргузор гардид, ки дар он лоиҳаи дафтарҳои хоҷагии ҷамоатҳои деҳот ва лоиҳаи шаклҳои ҳисоботи омори байниидоравӣ баррасӣ шуданд.

Оид ба таклифу пешниҳодҳои мақомоти омори маҳаллӣ ва раёсату шӯъбаҳои Дастгоҳи марказии Агентӣ дар бораи лоиҳаи дафтарҳои хоҷагии ҷамоатҳои деҳот, муовини Директори Агентӣ – Асоев А.Р. ва сардори раёсати омори демография, шуғли аҳолӣ, омори иҷтимоӣ ва тадқиқи буҷети хонаводаҳо – Қулов А.Н. баромад намуданд. Иштирокчиёни ҷаласа фирку мулоҳизаҳои худро оид ба лоиҳаи дафтарҳои хоҷагӣ баён намуданд.

Директори Агентии омор – Б.З.Муҳаммадиева бори дигар муҳим будани масъалаи мазкурро таъкид намуда, изҳор доштанд, ки дар мӯҳлатҳои муайяншуда раёсати методология ва таснифотҳо якҷоя бо раёсати омори демография, шуғли аҳолӣ, омори иҷимоӣ ва тадқиқоти буҷети хонаводаҳо, раёсати омори кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зист лоиҳаи ниҳоии дафтарҳои хоҷагиро омода намоянд.

Ҳамчунин лоиҳаи шакли ҳисоботи омори байниидоравии аз Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия  пешниҳодгардида баррасӣ ва тасдиқ карда шуд.

Дар ҷаласа инчунин ҳисобоҳои мутахассисони Дастгоҳи марказии Агентӣ оид ба натиҷаҳои сафарҳои хизматӣ ба хориҷи дуру наздик муҳокима карда шуданд.

 

Другие новости