Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

21.02.2012
Ахборот оид ба фаъолияти муштараки ЮНФПА дар соли 2011

Дар давоми соли 2011 байни Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хазинаи Нуфуси СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (ЮНФПА) ҳамкории пайваста идома дода шуд, алалхусус:
    
    1. Бо дастгирии молиявии ЮНФПА моҳи июни соли 2011 мизи мудаввар бо намояндагони васоити ахбори омма оид ба натиҷаҳои пешакии барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2010, баргузор гардид.
    
    2. Дар доираи татбиқи фаъолияти муштарак (барномаи NEX) бори нахуст машваратҳои омӯзишӣ барои роҳбарони мақомоти маҳаллии омори ВМКБ, вилоятҳои Суғд ва Хатлон дар мавзӯи «Барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил, таҳлили демографии натиҷаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил» гузаронида шуданд. Барои гузаронидани машваратҳои омӯзишӣ аз ҷониби сардорони раёсатҳои Агентӣ матнҳои муаррифӣ таҳия гашта, ба таваҷҷӯҳи иштирокчиёни машварат пешниҳод карда шуданд; бо истифода аз барномаи Excel тартиби ҳисоби баъзе нишондиҳандаҳои демографӣ дар асоси маълумотҳои ҷамъбастии барӯйхатгириҳои аҳолӣ, манзур гардид; дар рафти машғулиятҳои амалӣ иштирокчиён мустақилона ҳисоби нишондиҳандаҳои зикршударо иҷро намуданд.
    Иштирокчиёни машваратҳо, дар навбати худ, доир ба донишу малака ва таҷрибаи ба даст овардашуда ақидаашонро иброз намуда, баъзе таклифу пешниҳодҳояшонро дар хусуси гузаронидани барӯйхатгириҳои аҳолӣ, инчунин оид ба манфиати баргузории ҳамин зумра чорабиниҳои омӯзишӣ баён карданд.
    
    3. Расонидани ёрии техникӣ оид ба:
    - баҳодиҳии методологияи дар рафти гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил истифодашуда, мувофиқати он ба талаботҳои меъёру стандартҳои байналхалқӣ ва стандартҳои СММ (ташрифи коршиноси байналхалқӣ - Аура Андрееску (Руминия);
    - баҳодиҳии сифати сканеркунонии саволномаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ (ташрифи намояндаи ширкати АВВУУ Коробенкова Антонина);
    - таҳия намудани нақшаи фаъолият ҷиҳати таҳлил, нашр ва паҳн намудани натиҷаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2010 (ташрифи коршиноси байналхалқӣ - Ерошина Л. М.  (Росстат).
- дастурдиҳии омўзишӣ барои кормандони Агентии омор оид ба омӯзиши барномаи  MS Analysis Server и  OLAP кубҳо – коршиноси байналхалқӣ Ингарс Румковскис (Латвия).
    
    4. Дастгирии молиявӣ барои иштироки мутахассисони Агентии омор дар:
- машварати байналхалқӣ дар мавзӯи таҳлили маълуумотҳои барӯйхатгирии аҳолӣ, ш. Любляна, марти соли 2011;
    - машварати байналхалқӣ дар мавзӯи паҳн намудани маълумотҳои барӯйхатгириҳо, ки моҳи июни соли 2011 дар  Женева гузаронида шуд;
    - машварати байналхалқӣ оид ба масъалаҳои фавт дар Осиёи Марказӣ, ки моҳи июли соли 2011 дар ш. Алма-ато баргузор гардид;
    - барномаи байналхалқӣ ҷиҳати таҷрибаомӯзӣ доир ба барӯйхатгирии аҳолӣ, ки моҳи ноябри соли 2011 дар ш. Теҳрон гузаронида шуд;
    - маҷлиси машваратии байналхалқӣ вобаста ба масъалаҳои пиронсолшавӣ, ки моҳи ноябри соли 2011 дар Женева баргузор гардид.

5. Бо дастгирии молиявии ЮНФПА барномаи компютерии RED-GATE SQL Toolbelt барои таҳлили маълумотҳои оморӣ ба маблағи $ 3,041 доллари ИМА харидорӣ карда шуд.
    
    


 

Другие новости