Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

01.02.2012
Ҷаласаи навбатии Гурӯҳи корӣ оид ба нашри расмии натиҷаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2010

 31 январи соли 2012 дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Гурӯҳи корӣ оид ба нашри расмии натиҷаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар соли 2010 дар мавзӯи «Ҷилди 1 нашри расмии натиҷаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил: Шумора ва ҷойгиршавии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон», гузаронида шуд.

Ба ҳайати Гурӯҳи корӣ намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ ва мутахассисони соҳавии Агентӣ шомил гардиданд. (ҳамагӣ 25 нафар аъзои гурӯҳ). Инчунин дар кори Гурӯҳи корӣ намояндагони васоити ахбори умум низ иштирок намуданд.

Кори ҷаласа бо сухани ифтитоҳии Директори Агентӣ Муҳаммадиева Б. З. оид ба мақсади баргузории ҷаласа ва натиҷаи иҷроиши корҳои вобаста ба таҳия шудани ҷилди номбурда, оғоз гардид.  

Бо мазмуну мундариҷаи ҷадвалҳои ҷилди 1 нашри расмии натиҷаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил ба таври муфассал шинос шуданд. Ҳамаи таклифу пешниҳодҳои аъзоёни Гурӯҳи корӣ оид ба мазмуну мундариҷаи ҷадвалҳои ҷилди 1-ум ҳангоми таҳрири пурра ба инобат гирифта мешаванд.

Ҳамзамон, ба таваҷҷӯҳи иштирокчиён лоиҳаҳои ҷадвалҳои бароришии навбатҳои дуюм ва сеюм бо шарҳи алоқамандии онҳо бо нашри ҷилдҳои минбаъдаи натиҷаҳои барӯйхатгирӣ, манзур гардиданд. 

Баргузории ҷаласаи ояндаи Гурӯҳи корӣ бо мурури таҳия шудани ҷилди 2 нашри расмии натиҷаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил ба нақша гирифта шудааст. 

 

 

 

 

 

Аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи маълумотҳои барӯйхатгирии
аҳолии солҳои 1926, 1959, 1970, 1979, 1989, 2000 ва 2010 (ҳазор нафар)
 

Другие новости