Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

25.01.2012
Оид ба ҷамъбасти соли 2011 Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотӣ гузаронид

23 январ. Дар нишасти матбуотӣ намояндаи 20 воситаҳои ахбори омма, аз он ҷумла рӯномаҳои: «Ҷумҳурият», «Садои Мардум», «Азия Плюс», «Тоҷикистон», «Паёми Душанбе»; телевизиони: «Шабакаи якум», «Ҷаҳоннамо», «Сафина»; радиои:  «Тоҷикистон», «Радиои Озодӣ», «Имрӯз» ва ғайраҳо штирок доштанд.

Нишасти матбуотиро Директори Агентӣ - Муҳаммадиева Б.З. кушода, ба иштирокчиён мӯҳтавои  маълумотҳоро «Оид ба фаъолияти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Вазъи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2011» пешниҳод намуданд.

Баъди шиносоӣ бо маълумотномаҳо рӯзноманигорон саволҳояшонро пешниҳод намуданд.
Саволҳои рӯзноманигорон асосан ба мавзӯъҳои музди миёнаи моҳонаи кормандон дар ҷумҳурӣ; шумораи аҳолии ҷумҳурӣ тибқи барӯйхатгирии аҳолӣ дар соли 2010;  миқдори корхонаю ташкилотҳо дар ҷумҳурӣ; сохтори истеҳсоли Маҳсулоти Умумии Дохилӣ; сабаби болоравии нархҳо дар бозори истеъмолии ҷумҳурӣ бахшида шуда буданд.

Ба саволҳои рӯзноманигорон Директори Агентӣ, муовинони Директор ва сардорони раёсату шӯъбаҳои посух доданд.
Рӯноманигорон ба саволҳои худ ҷавобҳои қаноатманд гирифтанд.

Другие новости