Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

20.01.2012
Арзёбии Глобалии Низоми омори расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон (АГНО)

19 январи соли 2012 ҷаноби Габриэл Гамез, мушовири минтақавии Комиссияи иқтисодии Аврупои СММ ба Агентии омор ташриф оварда ҷиҳати гузаронидани арзёбии глобалии низоми омори Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Муҳаммадиева Б.З. – Директори Агентӣ вохӯрӣ анҷом дод.

20 январ вохӯрӣ бо роҳбарони раёсату шӯъбаҳои Агентӣ, Маркази кулли ҳисоббарорӣ ва Сарраёсати Агентии омор дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ки дар он ҷаноби Гамез оид ба Арзёбии Глобалӣ, сохтор ва муҳимияти чорабинии дар пешистода маълумот дод.
Ҳадафи асосии Арзёбии Глобалии низоми миллии омори расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон имкониятҳои техникӣ ва ташкилӣ барои наш рва паҳн намудани омори расмии ҳамаи соҳаҳо, арзёбии сатҳи мутобиқат ба стандартҳои байналмилалӣ ва аврупоӣ, бо назардошти принсипҳои фундаменталии омори расмӣ ва кодекси меъёрҳои омори аврупоӣ мебошад. Ин барои омода намудани Стратегияи рушди низоми миллии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муайян намудани афзалиятҳо барои ҳамкориҳои минбаъда замина мегузорад.  

Ҳадафҳои мушаххаси Арзёбии Глобалӣ (АГ):
•    Арзёбии асосҳои ҳуқуқӣ ва институтсионалии Низоми миллии омори расмӣ, имкониятҳои техникӣ ва ташкилӣ барои нашр ва паҳн намудани омори расмии ҳамаи соҳаҳо;
•    Арзёбии мутобиқати низоми оморӣ ба стандарт ва талаботҳои байналмилалӣ ва муайян намудани соҳаҳое, ки дар онҳо меъёрҳои аврупоӣ бояд қабул карда шаванд;
•    Омода намудани тавсияҳо барои рушди минбаъдаи малакаи миллии оморӣ;
•    Муайян намудани афзалиятҳо барои барномаҳои ташкилотҳои байналмилалӣ оид ба равнақ додани малака ва дигар шарикон дар соҳи омор.

Арзёбии Глобалии Тоҷикистон якҷоя бо Комиссияи иқтисодии аврупоии СММ, Омори Аврупо ва Ташкилоти озоди савдои Аврупо гузаронида мешавад. Гузаронидани Арзёбӣ бо ташаббуси Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

 

Другие новости