Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

27.12.2011
Семинар оид ба омори гендерӣ

 21 декабр дар шаҳри Душанбе семинари машваратии якрӯза, ки Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Рушди Осиё (БРО) ташкил намуда буданд, баргузор гардид. Семинар дар доираи барномаи минтақавии «Тамоюли рушд бо назардошти ҷанбаҳои гендерӣ дар мамлакатҳои Осиёи Миёна ва Ғарбӣ», ки мамлакатҳои Қафқози Ҷанубӣ, Осиёи Миёна, Афғонистон ва Покистонро дар бар мегирад, гузаронида шуд.

Ҳадафи барномаи минтақавӣ – расонидани кӯмаки техникӣ ба мамлакатҳо барои мустаҳкам намудани малакаи онҳо барои комёб шудан ба баробарии гендерӣ ва ҳамин тавр рушди босуботи муносиб ва равнақёбии ҳамаҷониба мебошад.

Дар семинарии бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуданд: Бахтия Муҳаммадиева – Директори Агентии омор ва Ҷоҷи Такеши – Директори Намояндагии БРО дар Тоҷикистон. Дар кори семинар намояндагони Агентии омор, вазоратҳои пешбарандаи сиёсати соҳа, Шӯрои адлия, Прокуратураи генералӣ, Кумитаи кор бо ҷавонон, Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ, ҳамчунин ҷомеаи шаҳрвандӣ, ба мисли Ташкилоти ҷамъиятии «Занон бо маълумоти олӣ» ва ташкилотҳои байналмилалӣ – Барномаи рушди СММ, Хазинаи нуфуси СММ ва ғайраҳо иштирок намуданд. 

Дар рафти баррасии масъала нисбат ба натиҷаҳои арзёбии минтақавии ҳолат ва рушд дар ҷодаи ҷамъоварӣ, таҳлил ва истифодаи омори гендерӣ хулосаи фикру мулоҳизаи иштирокчиён шунида шуд. Боиси хушнудист, ки дар арзёбии минтақавӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қатори мамлакатҳое дохил мешавад, ки дар ин соҳа қадамҳои устуворе ба пеш мондааст. Ба ҳар сурат, зарур меояд, ки корҳои зиёде бояд анҷом дода шаванд, барои он ки омори гендерӣ – гирдоварандаи маълумотҳо дар бораи ҳолати ҳақиқии занон ва мардон, унсури фаъоле дар рафти қабули қарорҳое, ки ба талабот ва ҳавасмандии занон ва мардон ҷавобгӯ мебошанд, ба ҳисоб меравад.  

Иштирокчиён ба ақидаи ягонае омаданд, ки баргузории чунин баҳсу мунозираҳо ва тавсияҳои пешниҳодшуда қадами нахустине барои ташаккул додани ҳамшарикии ҷонибҳои манфиатдор барои чораҳои минбаъдаи фаъолият мегузорад. 

 

 

Другие новости