Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

26.08.2010
Тайёрӣ ба барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил

Мувофиқи қонун «Дар бораи барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил» дар соли 2010 дар қаламравӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронида мешавад.

Дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 майи соли 2009 №523 санаи гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 то 30 сентябри соли 2010 муайян гардидааст.

Ҳангоми сафари охирин аз 23 то 27 августи соли 2010 Директори Агентӣ Муҳаммадиева Б.З. ба ноҳияҳои Данғара, Муминобод, Ховалинг, Восеъ, Фархор, шаҳри Кӯлоб ва Қурғонтеппаи вилояти Хатлон, ташриф овард. Муҳаммадиева Б.З. дар рӯзи аввали сафар ба шаҳри Кӯлоб ташриф овард, ки дар ин ҷо дар ҷараёни кӯчонидан ба хонаи истиқоматӣ, ки аз ҳисоби маблағҳои Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои зарардидагон дар вақти офати табиии (обхезӣ) моҳи июни соли 2010-ум сохта шудааст, иштирок намуд. Хонаи истиқоматӣ бо ҳамаи ашё ва маводҳои зарурӣ (лавозимоти ҷойи хоб, зарфҳо, телевизор, асбоби гармкунандаи барқӣ ва асбобу анҷоми ошхона) таъмин карда шудааст.

Дар ҷараёни сафарҳо Муҳаммадиева Б.З. бо роҳбарон (раисони вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо) дар масъалаи ҳалли масъалаҳои ташкилӣ, вобаста ба барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил, барои интихоб ва қабул кардани кормандони муваққатӣ (мудирони шӯъбаҳои барӯйхатгирӣ, дастурдиҳандагон ва назоратчиён); таъминоти ҷойи корӣ; таъмини алоқаи телефонӣ; мувофиқи ҷадвали қабулгардида гузаронидани семинарҳои омӯзишӣ; таъмини кормандони алоҳидаи барӯйхатгирӣ бо нақлиёт; сифати гузаронидани чорабиниҳои ташвиқотӣ дар бораи мақсад ва вазифаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои оид ба таҷҳизонидани техникаҳои компютерӣ ва дигар таҷҳизотҳо барои мақомотҳои омор ва мақомотҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, вохӯриҳо гузаронид.

Бо ҳамин мақсад ва мувофиқи барномаи барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил, Муҳаммадиева Б.З. Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 14 ноҳия аз 18 ноҳияи вилояти Суғд, 6 ноҳия аз 8 ноҳияи ВМКБ, 20 ноҳия аз 25 ноҳияи вилояти Хатлон ва ҳамаи 13 шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ташриф овард. Ҳангоми сафар Муҳаммадиева Б.З. бо кормандони мақомотҳои омори вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо вохӯриҳо гузаронид. Дар ин вохӯриҳо масъалаҳои аввалиндараҷа дар бораи фаъолияти мақомотҳои омор ва ташкили кор оид ба гузаронидани барӯйхатгирии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазифаи глобалии мақомоти омор бомуваффақият гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил, ки аз 21 то 30 сентябри соли 2010 дар тамоми қаламравӣ ҷумҳурӣ гузаронида мешавад, муҳокима гардид.

Мувофиқи ҷадвали қабулгардида, Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари навбатӣ ба ноҳияҳои ВМКБ, барои ҳалли масъалаҳои ташкили кор ва молиявӣ бо роҳбарияти вилоят ва як қатор ноҳияҳо, дар нақша дорад.

Другие новости