Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

19.12.2011
Оид ба рушди соҳаи сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2010

Ҷумҳурии Тоҷикистон, яке аз минтақаҳои таваҷҷуҳкунандаи сайёҳон мебошад. Шароитҳои табии иқлими ҷумҳурӣ бешубҳа барои рушди сайёҳат мусоидат мекунад.
Тибқи иттилои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 167 ширкат барои пешниҳоди хизмати сайёҳӣ иҷозатнома гирифтаанд, 50 ширкат фаъолият менамоянд, аз он ҷумла ба мақомоти омор дар соли 2010 ба 44 адад ҳисобот месупоранд, ки нисбат ба соли 2009 миқдори онҳо 11 адад коҳиш ёфтанд.
Тақсимоти ширкатҳои амалкунанда дар минтақаҳо чунин аст: дар ш. Душанбе 28, дар вилояти Суғд 14 ва дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ 2 адад ширкатҳо фаъолият доранд.
Шумораи миёнаи кормандони ширкатҳои сайёҳӣ бо назардошти дуҷоякорони беруна ва кормандони ҳайати ёрирасон 296 нафар мебошад, ки нисбат ба соли 2009-ум 83,6 фоизро ташкил медиҳад.
Даромад аз пешниҳоди хизматҳои сайёҳӣ бе назардошти андоз аз арзиши иловашуда (ААИ), аксиз ва пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷа дар соли 2010-ум 5089,1 ҳазор сомониро ташкил додаст, ки ин нисбат ба соли 2009-ум бо ҳисоби нархҳои ҷорӣ 69 фоиз зиёд аст. Аз даромади умумии ба даст овардаи ширкатҳои сайёҳӣ дар ш. Душанбе 3805,9 ҳазор сомонӣ, дар вилояти Суғд 823,8 ҳазор сомонӣ ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ 459,4 ҳазор сомонӣ рост меояд.
Хизмати пулакие, ки ба сайёҳон расонида шудааст (маблағи мукофотпулиҳои комиссионӣ) 253,6 ҳазор сомониро ташкил кардааст.
Барои расонидани хизматҳои сайёҳӣ дар соли 2010 ширкатҳои сайёҳӣ ба маблағи 4610,9 ҳазор сомонӣ хароҷот кардаанд, ки ин нисбат ба соли гузашта бо нархҳои ҷорӣ 2,2 баробар зиёд аст. Сохтори маблағҳои хароҷотшуда дар соли ҳисоботӣ чунин аст: хароҷоти моддӣ 590,9 ҳазор сомонӣ, пардохти музди меҳнати кормандони ширкатҳои сайёҳӣ 577,5 ҳазор сомонӣ, ҳиссаҷудокуниҳои омартизатсионӣ 99,4 ҳазор сомонӣ, пардохти ҳатмӣ ба буҷа ва фондҳои ғайрибуҷавӣ 360,1 ҳазор сомонӣ ва дигар хароҷотҳо 3343,1 ҳазор сомониро ташкил доданд.
Хароҷоте, ки бевосита барои истеҳсоли хизмати сайёҳӣ дар соли 2010 сарф карда шудааст 1539,2 ҳазор сомониро ташкил дод, ки аз он 60,5 ҳазор сомонӣ барои пардохти ҷои зист дар меҳмонхонаҳо, 612,7 ҳазор сомонӣ барои хурду хӯрок, 4,5 ҳазор сомонӣ барои хизмати тиббӣ, 11,2 ҳазор сомонӣ барои хизматрасонии экскурсионӣ, 307,3 ҳазор сомонӣ барои ба расмият даровардани раводид ва ҳуҷҷатҳои сафар, 4,8 ҳазор сомонӣ барои хизматҳои маданӣ- равшаннамоӣ ва маданӣ-маишӣ дар ташкилотҳои фарҳангӣ ва 409,2 ҳазор сомонӣ барои дигар хизматҳое, ки дар вақти истеҳсоли маҳсулоти сайёҳӣ ба даст оварда мешаванд, харҷ шудааст.
Хароҷоти ширкатҳои сайёҳи асосан ба резидентони Ҷумҳурии Тоҷикистон (шаҳрвандони Ҷумҳури Тоҷикистон ва намояндагони корпусҳои дипломатӣ, сафоратхонаҳо, ташкилотҳои байналхалқӣ, намояндагии ширкатҳои хориҷӣ, кормандони ширкатҳои хориҷие, ки аз як сол зиёд дар ҳудуди ҷумҳурӣ зиндагӣ доранд) равона шудааст, ки 69 фоизро ташкил медиҳад ва танҳо 31 фоизи хароҷотҳо ба нерезидентон рост меояд.
Дар соли 2010 корхонаҳои сайёҳӣ 21143 адад роҳхат ба сайёҳон фурӯхтанд. Барои ҳар як роҳхати фурӯхташуда ширкатҳо аз сайёҳон ба ҳисоби миёна то 121,4 сомонӣ ҳаққи хизмат гирифтаанд.
Аз ҷониби кормандони ширкатҳои сайёҳӣ дар давраи ҳисобот ба 19528 нафар сайёҳ дар дохили ҷумҳурӣ, ба 1325 нафар сайёҳ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва 3000 нафар сайёҳ дар мамлакатҳои хориҷӣ дур хизмати сайёҳӣ пешкаш кардаанд.
Соли 2010 шумораи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз хизмати сайёҳӣ истифода кардаанд, ба 20990 нафар расид, аз онҳо дар дохили ҷумҳурӣ 18909 нафар, дар мамлакатҳои ИДМ 1024 нафар ва дар мамлакатҳои хориҷи дур 1057 нафар азми сайёҳӣ доштанд.
Дар байни сайёҳони ба мамлакатҳои дигар рафта шумораи сайёҳони ба Ҷумҳурии мардумии Чин (768 нафар), ба Фаронса (450 нафар), ба давлати Олмон (402 нафар), ба Аморати Муттаҳидаи Араб (282 нафар), ба Иёлоти Муттаҳидаи Америка (250 нафар), ба Ҷопон (119 нафар) рафта, зиёд аст.
Ба мамлакатҳои дигар сайёҳон нисбатан камтар рафтаанд, аз ҷумла ба Италия (93 нафар), ба Полша (84 нафар), ба Белгия (77 нафар), ба Шветсария (56 нафар), ба Канада (47 нафар), ба Словакия (44 нафар), ба Голландия (41 нафар), ба Шветсия (39 нафар), ба Чехия (37 нафар), ба Австрия (36 нафар), ба Шоҳигарии Британияи Кабир (34 нафар) сайёҳон сафар кардаанд.
То 1-уми январи соли 2011-ум дар ҷумҳурӣ 59 меҳмонхона амал мекунанд. Аз онҳо 2 меҳмонхонаи 5 ситорадор дар шаҳри Душанбе, дар вилояти Суғд 1 меҳмонхона ва дар шаҳри Турсунзода 1 меҳмонхонаи се ситорадор мебошанд. Дар шаҳри Душанбе ва Хуҷанд 1-тогӣ меҳмонхона дорои дараҷаи якум, дар вилояти Суғд 7 меҳмонхона, дар вилояти Хатлон 2 меҳмонхона дорои дараҷаи дуюм, 3 меҳмонхона дар вилояти Суғд, 1 меҳмонхона дар шаҳри Душанбе в 7 меҳмонхона Хатлон дорои дараҷаи сеюм, 3 меҳмонхона дар шаҳри Душанбе, 2 меҳмонхона дар вилояти Суғд ва 1 меҳмонхона дар ВМКБ дорои дараҷаи чорум мебошанд, 27 меҳмонхонаи амалкунанда дараҷа надоранд.
Масоҳати умумии меҳмонхонаҳо то охири соли 2010 ба 198,9 ҳазор метрии мураббаъ ва масоҳати истиқоматии онҳо 69,8 ҳазор метрии мураббаъро ташкил медиҳад. Дар охири соли 2010 дар меҳмонхонаҳо ҷойгиршавии яквақта 4413 ҷой, аз он ҷумла ҷойгиршавии хориҷиён 1772 ҷойро ташкил дод.
Дар охири соли 2010 меҳмонхонаҳо 2371 ҳуҷра доштанд, ки нисбати соли 2009 ба 87 ҳуҷра кам шудаанд.
Дар давоми соли 2010 дар ҳама меҳмонхонаҳо 85,1 ҳазор нафар меҳмон ҷой дода шудаанд, аз он ҷумла 50,9 ҳазор нафар аз давлатҳои узви ИДМ ва 34,1 ҳазор нафар аз давлатҳои хориҷи дур буданд.
Дар як сол даромад аз меҳмонхонаҳо 45,3 млн.сомониро ташкил дод, хароҷотҳояшон бошад 45,8 млн. сомониро дар бар гирифт.
Шумораи кормандони хизматрасон дар меҳмонхонаҳо (бо назардошти ҳайати ёрирасон) дар давраи ҳисобот ба 1241 нафар расид, ки нисбати соли гузашта 51 нафар зиёд аст.


 

Другие новости