Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

02.12.2011
Дар Агентии омори бо намояндагони Бонки Умумиҷаҳонӣ дар доираи лоиҳаи «Такмил додани методологияи гузаронидани тадқиқоти буҷети хонаводаҳо бо назардошти меъёрҳои байналмиллалӣ»

 Дар доираи лоиҳаи «Такмил додани методологияи гузаронидани тадқиқоти буҷети хонаводаҳо бо назардошти меъёрҳои байналмиллалӣ» бо ташаббуси намояндагии Бонки Умумиҷаҳонӣ дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбари Гурўҳи Тадқиқот оид ба Рушд барои Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон ҷаноби Виктор Сулла, коршиноси байналмиллалӣ дар бахши тадқиқоти буҷети хонаводаҳо ҷаноби Хуан Мунос ва иқтисодчӣ оид ба масъалаҳои камбизоатӣ ҷаноби Алишер Раҷабов бо мақсади шиносоӣ бо методологияи гузаронидани тадқиқоти буҷети хонаводаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гузаронидани курсҳои омўзишӣ вохўриҳо гузаронида шуд. Аз рўи натиҷаҳои вохўриҳои гузаронидашуда рўзи 2 декабр бо иштироки кормандони Агентии омор (ҳамагӣ 20 нафар) семинар гузаронида шуд ва дар семинар аз ҷониби миссияи Бонки Умумиҷаҳонӣ баромад (презентатсия) дар мавзўи «Тавсияҳо оид ба тадқиқоти буҷети хонаводаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод гардид.
 

 

Аз тарафи коршиноси байналмиллалӣ ҷаноби Хуан Мунос бо мақсади баҳо додани сатҳи камбизоатӣ, такмил додани саволномаҳои тадқиқоти буҷети хонаводаҳо, тағйир додани тартиби гузаронидани корҳои саҳроӣ, омода намудани барномаи нави компютерӣ оид ба коркарди маълумотҳои ҷамъоваригардида бо назардошти илова гардидани модулҳои нав ба саволномаҳо оид ба ҳисоби қувваҳои корӣ, тандурустӣ, маориф, муҳоҷират, интиқоли маблағҳо ва кишоварзӣ тавсияҳо пешниҳод гардид.
 

 

Другие новости