Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

02.11.2011
Курси таълими оид ба тамини барномавии Microdata Management Toolkit (Дастурамал барои идораи микромаълумотҳо)

Аз 24 то 28 октябри соли 2011 курси мазкур бо кӯмаки молиявӣ ва ташаббуси Бонки ӯмумичаҳонӣ ва шабакаи Байналхалқии тадқиқоти хонаводаҳо (ШБТХ) ташкил карда шуд, ки дар вай мутахассисони дастгоҳи марказии Агентӣ, Муассисаи давлатии «Маркази кулли ҳисоббарорӣ» ва мақомоти маҳаллии омор иштирок намудаанд.

Маслиҳатчиёни шабакаи Байналхалқии тадқиқоти хонаводаҳо (ШБТХ) Мери Анна Кагас ва Ҷаффри Гринвел маърӯзаҳои назариявӣ ва машғулиятҳои амалиро анҷом доданд, ки барои шунавандаҳои курс хеле муҳим буданд.
Курси омӯзишӣ, машғулияти назариявӣ ва амалиро оид ба истифода бурдани барономаро дарбар гирифт, инчунин масъалаҳои истифодаи самаранокии микромаълумотҳоро аз ҳисоби беҳтар намудани ҳуҷҷатҳо, паҳн намудан ва ҳифзи микромаълумотҳо ба таври муфассал равшан намуд.

Таъминоти барономавии Microdata Management Toolkit (Дастурамал барои идораи микромаълумотҳо), ки гурӯҳи Байналхалқии шабакаи тадқиқоти хонаводаҳо (ГБШТХ) таҳия кардааст, барои ҳалли проблемаҳои техникӣ, ки дар назди таъминкунандаҳои маълумотҳо истодаанд, пешбинӣ шудааст.
Ҳадафи тартиб додани таъмини дастгирӣ оид ба ҷорӣ намудани стандартҳои байналхалқӣ барои пешбурди ҳуҷҷатгузорӣ, паҳн намудан ва таъмини муҳофизат ва нигаҳдории макромаълумотҳо, хамчунин ҳавасмандгардонии ҷорӣ намудани технологияи пешқадам, кор бо маълумотҳо дар мамлакатҳои рӯ ба инкишоф мебошад.



 

Другие новости