Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

16.10.2011
Семинари якҷояи Агентии омори назди Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон ва Бонки Умумиҷаҳонӣ "Баррасӣ ва паҳн намудани Стратегияи миллии рушди омор (СМРО) барои солҳои 2012-2016"

Кохи «Ваҳдат”, ш.Душанбе, 14 октябр, соли 2011

Мақсадҳои семинар: шарҳи СМРО бо иштироки тарафҳои ҷонибдор дар рафти баррасӣ дар семинар дар сатҳи миллӣ ва паҳн намудани лоиҳаи СМРО бо мақсади гирифтани тақризҳо дар бораи пуррагӣ ва асосноккунии СМРО.

Иштирокчиёни семинар: Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон, Агентии омор ва мақомоти маҳаллии он, намояндагони вазорату идораҳо, воситаҳои ахбори омма шарикони байналмилалӣ оид ба рушд.

Кушодашавии семинар
Семинарро Н. Буриев, Мушовири калони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кушод. Ӯ беҳтаршавӣ дар дастрасӣ, методология, мӯътамаднокӣ ва дақиқии омори расмиро дар Тоҷикистон тавассути татбиқи Барномаи ягонаи бисёрсолаи омор барои солҳои 2005-2009 (БЯБО) бо роҳбарии Ҳукумат ва мусоидати шарикони рушд қайд намуд. Ҳамаи иштирокчиёни семинарро хайрамақдам гуфта, изҳор дошт ки фикру мулоҳизаҳояшонро пешниҳод намоянд ва барои таҳияи Стратегияи миллии рушди омор фаъол бошанд.

Б. Муҳаммадиева, Директори Агентии омор, ҳамчунин ҳамаи иштирокчиёни семинарро хайрамақдам гуфтанд. Муҳимияти омор дар таҳияи сиёсат ва қабули қарорҳо; маънии ислоҳот дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи омори давлатӣ» омада, ки мусоидат менамоянд, то системаи миллии омор самаранок ва ҳақиқӣ бошад, ба талаботи истифодабарандагон аҳамият дода шавад, зикр карда шуд. Қайд карда шуд, ки СМРО дар асоси татбиқи бомуваффақияти БЯБО таҳия гардидааст. Лоиҳаи СМРО ҳолати ҷории СМО-ро баҳо дода, пешбинӣ ва стратегияи ҳақиқатбинонаро таҷассум менамояд, ки ба тағйиротҳо дар афзалиятнокӣ ва қонеъгардонии талабот бо маълумотҳо, доира ва нақшаи корӣ оид ба омодасозии маълумотҳои оморӣ ва баланд бардоштани малакаи оморӣ, омода бошем. СМРО маҳдудиятҳои институтсионалӣ ва ташкилӣ, аз ҷумла талабот ба захираҳо бо мақсади рушди устувори системаи омор ва стандартҳоро баррасӣ менамояд. Натиҷаи банақшагирифташуда бо системаи омори фаъол ва хуб ҳамоҳанггардида ба даст меоянд, ки маркази он Агентии омор ва 14 вазорату идораҳои соҳавӣ мебошанд, ки фаъолияти босамар доранд ва тибқи афзалиятҳои мувофиқашуда ба истифодабарандагон иттилоот медиҳанд.
Б. Муҳаммадиева мушкилоти амалисозии СМРО дар маблағгузорӣ мебинанд. Ҳарчанд Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди оморро дастгирӣ менамояд, лекин чун пештара кӯмаки шарикони рушд зарур аст. Ҳамзамон маблағгузорӣ барои омор аз нигоҳи сиёсати хуби иттилоотӣ ва қарорҳо якчанд маротиба самара медихад.

М. Динч, аз Бонки умумиҷаҳонӣ, дастовардҳои аз соли 2005 қайд намуд, гуфт ҳоло бисёр корҳоро анҷом додан лозим аст – такмили пурраи системаи омор дар панҷ сол ғайри имкон аст. Ӯ зикр намуд, ки СМРО Тоҷикистон –аз нигоҳи раванди роҳбарии Агентии омор ва иштироки 14 вазорату идораҳои соҳавӣ ва пуррагии он, ин усули ба таври мушаххас кор карда баромада мебошад. Ҳамчунин муҳимияти маблағгузории самаранок Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд қайд карда шуд. Ӯ ду сарчашмаи потенсиали кӯмаки берунаро қайд намуд – Фонди кӯмаки Руссия барои дастгирии мамлакатҳои ИДМ ва гранти Агентии байналмилалии рушд (АБР)-и Бонки Умумиҷаҳонӣ. Онҳоро бо кӯмаки дигар шарикони рушд якҷоя кардан мумкин аст. Пешниҳод намуд, ки вохӯрии алоҳида бо шарикони рушд бо мақсади баррасии маблағгузорӣ гузаронида шавад. Характери байнисоҳавӣ доштан ва зарурати ҳамкориҳои якҷояи хамаи истеҳсолкунандагон ва истифодабарандагони маълумотҳои оморӣ барои ноил шудан ба мақсадҳои умумиро қайд намуд.

Ирина Збарская, Кумитаи омори ИДМ, дастгирии маънавии Соколин – Раиси Кумитаи омори ИДМ-ро ба Тоҷикистон барои комёб шудан ба мақсадҳои мушкил ва муҳими СМРО баён намуд. Ӯ дар бораи дастовардҳои пешина дар пешниҳоди маълумотҳои оморӣ ба истифодабарандагон ва ҷомеа дар маҷмӯъ, бо назардошти сомонаи қулай ва азнавтакмилёфтаи Агентии омор, барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили соли 2010 гуфта гузашт. Ба иштирокчиён дар бораи гранти Кумитаи омори ИДМ, ки аз Бонки умумиҷаҳонӣ оид ба рушди малакаи оморӣ, устуворгардонии малакаи кадрӣ ва муҳоҷирати меҳнатии минтақавӣ гирифтааст, маълумот дод. Умедвор аст, ки Фонди кӯмаки Русия дар вақтҳои наздик навигариҳои хуб мегирад.

Сессияи 1: Шарҳи компонентҳои асосии СМРО барои солҳои 2012-2016
Қ. Норов, муовини директории Агентии омор, СМРО-ро шарҳ дод. Нусхаи баромади ӯ замима мегардад. Якчанд ҷабҳаҳои асосии баромади ӯ фарогирии СМО дар СМРО зикр менамуданд, аз ҷумла ба ғайр аз Агентии омор 14 дигар истеҳсолкунандагони омор қайд карда шуд. Дар бораи ду маротиба, солҳои 2009 ва 2011 гузаронидани тадқиқоти қаноатмандии истифодабарандагон, гуфта шуд. Ҳамаи пешниҳодҳои тадқиқоти соли 2009 ба инобат гирфита шуда, дар тадқиқоти соли 2011 такрор нашудаанд, ки ин аломати хубест, ки Агентии омор ба гуфтаҳои истифодабарандагон аҳамият медихад. Аммо қайд карда шуд, ки зарур аст бисёр корҳоро анҷом диҳем, аз ҷумла гузаштан ба стандартҳои махсуси паҳнкунии иттилооти СМРО ва мониторинги ҳуҷҷатҳои барномавии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Бори дигар дар бораи муҳимияти маблағгузорӣ барои татбиқи СМРО гуфта гузашт.

Н.Буриев қайд намуд, ки вақте ки СМРО татбиқ мегардад, он Стратегияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад. Дар рафти баррасӣ қарор қабул карда шуд, ки ба истифодаи ниҳоии маълумотҳои оморӣ аҳамият дода шавад. Бартарӣ барои вазорату идораҳои соҳавӣ аз гирифтани маблағҳое, ки бевосита ба онҳо равона карда мешавад, қайд карда шуд ва он зиёд карда мешавад. Онҳо аз СМРО дар маҷмӯъ фоида ба даст меоранд, масалан, шабакаи табодули иттилоот, ки ноҳияҳоро ба вилоятҳо васл менамояд, ба ҷадвали буҷети вазорату идораҳо ва мақомоти маҳаллии ҳокимият ҳамроҳ карда мешавад .
Сессияи 2: Шарҳи пурраи СМРО барои солҳои 2012-2016

Т. Гукасова, сардори раёсати ҷамъбасту таҳлили иқтисодӣ ва робитаҳои байналмилалӣ, иттилооти пурраро дар бораи СМРО пешниҳод намуд (нусхаи он замима мегардад). Ӯ қайд намуд, ки диққати асосӣ ба робитаҳо бо вазорату идораҳои соҳавӣ, ки дар як вақт истеҳсолкунанда ва истифодабарандаи маълумотҳои оморӣ мебошанд, равона карда шудааст, ҳамчунин қайд намуд, ки СМРО дар асоси татбиқи БЯБО барои солҳои 2005-2009 таҳия гардидааст. Ӯ зикр намуд, ки самаранокии иқтисодӣ ва фоида аз такмили системаи оморӣ ва маблағгузорӣ барои омор якчанд маротиба аз нуқтаи назари сиёсати хуби иттилоотӣ ва қабули қарорҳои хуб самара медиҳад.
Дар рафти баҳсу мунозираҳо тасдиқ карда шуд, ки барои мустаҳкам намудани заминаи техники вазоратҳои соҳавӣ диққат дода мешавад.

Наҷмиддинов А., намояндаи Вазорати молия қайд намуд, ки вазорат пешниҳодҳояшро оид ба СМРО хаттӣ пешниҳод намуд. Ҳамчунин қайд намуд, ки СМРО талаботҳои омории барои рушди Тоҷикистон Стратегияи Миллии Рушд, Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва Мақсадҳои Рушди Ҳазорсола дарҷ намудааст. Ӯ ба он розӣ аст, ки татбиқи СМРО бе маблағгузории зарурӣ мушки ласт ва Вазорати молия омода аст , ки ҳамкорӣ намояд то рушди бомуваффақияти омор кафолат дода шавад.

Г. Фебрес, роҳбари гурӯҳи Бонки умумиҷаҳонӣ оид ба дастгирии оморӣ дар Тоҷикистон, хабар дод, ки дар давраи дар Тоҷикистон буданаш ҳисоботи мукаммалро дар бораи хотима ёфтани татбиқи лоиҳаи ТОҶСТАТ, ки барои татбиқи БЯБО кӯмак расонид, омода менамояд. Хулосаҳои ӯ алҳол нисбат ба дигар лоиҳаҳо хеле мусбӣ мебошанд. Ӯ ҳамчунин дар бораи заруристи гуфтугузорҳоро бо истифодабарандагони оморӣ, инчунин мониторинг ва баҳодиҳӣ дар асоси нишондиҳандаҳои мувофиқашуда зикр намуд.

Шералиев И., намояндаи маркази ҷумҳуриявии омор ва иттилооти тандурустӣ ҳамкориҳои хубро бо Агентии омор қайд намуда, хабар дод, ки Вазорати тандурустӣ аллакай ба татбиқи стратегияи беҳтар намудани иттилооти тандурустиро тавассути лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо шурӯъ намуд. Зарур аст, ки барои тайёр намудани мутахассисон зиёдтар маблағгузорӣ карда шавад. Дар ҷавоб Норов ва Гукасова қайд намуданд, ки ин нуқтаи назардар таҳияи СМРО ба инобат гирифта шудааст ва М.Динч гуфт, ки такмили СМРО хеле осон аст ва дар рафти татбиқи он бо дарназарадошти талаботҳои нав илова карда мешавад.

Алиев М., намояндани хадамоти гумрук, оиди ҳамкориҳои судманд бо Агентии омор гуфта гузашт ва хоҳиш намуд, ки дар нақшаи амалиёт оид ба омори савдои хориҷӣ тағйирот ворид карда шавад. Ба омӯзиши кормандон диққат додан зарур аст.
Б.Муҳаммадиева ҳамаи иштирокчиёнро барои баромадҳояшон миннатдорӣ намуда, ҳамаи вазорату идораҳоро хоҳиш намуданд, ки пешниҳодҳояшонро ба тариқи хаттӣ ба Агентии омор пешниҳод намоянд, то таҳияи ниҳоии СМРО тӯл накашад. Дар ҳолатҳои зарурӣ баррасиҳои муфассал бо вазоратҳои алоҳида дар рафти вохӯриҳои дутарафа ташкил карда мешавад.

Хулоса ва ҷамъбаст Т. Уилямс, Коршиноси Бонки умумҷаҳонӣ, ӯҳдадор шуд, ки натиҷаҳои баҳсу мунозираҳоро ҷамъбаст намояд. Сарраввал ӯ қайд намуд, ки Директори Агентӣ ва кормандони Агентии омор, вазорату идораҳои соҳавӣ ҷидду ҷаҳди калон намуда, самаранок кор карданд, ки дар давоми чанд моҳ ин кор ба сомон расад. Зикр намуд, ки диққати махсус дар СМРО ба истифодабарандагон дода шуда, Агентии омор ва дигар истеҳсолкунандагони маълумотҳои оморӣ бо мақсади қонеъ гардонидани талаботи истифодабарандагони ниҳоӣ кор мебаранд. Беҳтар намудани паҳнкунии иттилоот ва муносибат ба истифодабарандагон фаъолияти афзалиятдор мебошад, ҳарчанд хароҷотҳо дар ин кор хоксорона ҳастанд. Ӯ ҳамчунин ба таври кӯтоҳ саволҳои дар сессияи 2 дода шударо шарҳ дод.

Н. Буриев қайд намуд, ки баррасии масъала дар кадом мавқеъ қарор доштани моро дар айни замон ва ҷи кор кардани моро дар самти кафолат додан ба пешниҳоди маълумотҳои оморӣ барои истифодабарандагон, нишон дод. СМРО баҳри комёб шудан ба мақсадҳои худ ва сафарбар намудани ҳамаи захираҳо (миллӣ ва беруна) бояд амалӣ гардад. Зарур меояд, ки вохӯрии алоҳида бо шарикони рушд гузаронида шавад ва ин масъала баррасӣ гардад. Ӯ ҳамчунин муҳим будани мониторинг ва баҳодиҳиро зикр намуд. Ҷаноби Буриев ба ҳамаи иштирокчиён миннатдорӣ изҳор намуд.

Б. Муҳаммадиева зикр намуданд, ки раванди таҳияи СМРО ҳамагӣ ним сол пештар оғоз гардида, то ин вақт натиҷаҳои назараррас ба даст оварда шуданд. Ба ҷаноби М.Динч барои масъалагузорӣ дар мусоидат ба Тоҷикистон ҷиҳати таъмини захираҳо барои татбиқи стратегия бо мақсади ба истифодабарандагон пешниҳод намудани омори хубу босифат, ки ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ мебошад, миннатдорӣ изҳор намуданд.

 

Другие новости