Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.17 8,742 млн.
Тавварум дар соли 2016 6,1%
ИНИ дар соли 2016 106,1%
ММД дар соли 2016 54,5 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Навигарӣ

30.08.2010
Натиҷаҳои гузаронидани тадқиқоти қувваҳои корӣ дар Тоҷикистон дар соли 2009

ПРЕСС-РЕЛИЗ

Дар бораи натиҷаҳои гузаронидани тадқиқоти қувваҳои корӣ дар Тоҷикистон дар соли 2009

Тадқиқоти қувваҳои кории мазкур дар бораи масъалаҳои шуғли аҳолӣ аз рӯи ҳисоб дуюмин тадқиқоти ҳаҷман калонтарини ҳамин сатҳ мебошад. Тадқиқоти аввал дар соли 2004-ум гузаронида шуда буд.

Тадқиқот аз тарафи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Бонки Умумиҷаҳонӣ дар доираи лоиҳаи «Устуворгардонии системаи омори миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» гузаронида шуд.

Айни замон ҷамъбасти натиҷаҳои ТҚК – 2009 сол ба анҷом расонида шуда истодааст ва барои нашри ҳисоботи аналитикӣ омодагӣ рафта истодааст, ки дар он бо таври возеҳ маълумотҳо дар бораи методологияи гузаронидани тадқиқот, таҳлили вазъи бозори меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи натиҷаҳои ТҚК-2004 ва ТҚК-2009, ҳамчунин ҷадвалҳои баромади нишондиҳандаҳо пешниҳод мегардад. Ҳисобот бо ду забон, бо забони давлатӣ ва забони рӯсӣ омода мегардад.

Гузаронидани тадқиқот имкон медиҳад маълумотҳоро барои омӯзиши бозори меҳнат оид ба аҳолии дар иқтисодиёт фаъол ва бекорӣ мувофиқи меъёрҳои Ташкилоти Байналхалқии Меҳнат (ТБМ) пайдо кунем. Ин тадқиқот манбаи ягонаи иттилоот дар бораи шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ ба хориҷа ва муҳоҷирати мокувор, шуғл дар бахши расмӣ ва ғайрирасмӣ ва масъалаҳои гендерӣ, мебошад

Аз рӯи ҳисоби пешакӣ аз шумораи умумии аҳолӣ 7,5 миллион нафар дар соли 2009-ум 1856,5 ҳазор нафар машғул буданд, шумораи умумии бекорон - 241,2 ҳазор нафар, шумораи муҳоҷирони меҳнатӣ – 519,9 ҳазор нафарро ташкил доданд. Сатҳи шуғлнокии аҳолӣ дар ҷумҳурӣ 39,4 фоизи аҳолии синни 15-75 соларо ташкил медиҳанд, сатҳи бекории умумӣ – 11,5 фоизи аҳолии дар иқтисодиёт фаъолро ташкил дод.

Другие новости