Обунашавӣ
НишондодҲои асосӢ
Аҳолӣ аз 1.01.16 8,686 млн.
Тавварум дар соли 2015 5.1%
ИНИ дар соли 2015 105.1%
ММД дар соли 2015 48,4 млрд. сомони
Қурби асъор
Барои ..
1 Доллари ИМА .
1 ЕВРО .
10 Рубли Россия Array
Роҳбарият

Ҳасанзода Гулнора Кенҷа Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
 

 13 моҳи декабри соли 1966 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст.

13 декабри соли 1966 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ, соли 1988 бо дипломи сурх Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм намудааст.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1988 ба сифати бозраси калони Бонки манзилию иҷтимоии ҷумҳурӣ оғоз намуда, баъд дар вазифаҳои иқтисодчии шӯъбаи Бонки мазкур, сардори шӯъбаи молиявию кредитии Бонки тиҷоратии «Экспресс - бонк», сипас дар солҳои 1995 - 1999 иқтисодчӣ, иқтисодчии пешбар, сардори шӯъбаи Департаменти банақшагирии молиявӣ ва танзим кредитӣ, сардори шӯъбаи кредитҳо ва амонатҳои асъории Идораи амалиёти Департаменти робитаҳои иқтисодии хориҷӣ ва амалиёти асъории Бонки «Тоҷикбонкбизнес» фаъолият намудааст.

Солҳои 1999 - 2005 ба ҳайси тафтишгар, сардори шӯъбаи назорат, сармутахас-сиси назорати иҷрои барномаи давлатии ислоҳоти иқтисодии Бонки миллии Тоҷикистон адои вазифа намудааст.

Солҳои 2005 - 2010 дар вазифаҳои муовин, муовини якуми раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» кор кардааст.

Аз соли 2010 то соли 2013 дар вазифаи раиси Раёсати Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» кор мекард.

Бо медали ҷашни «20 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардидааст.
Оиладор соҳиби ду фарзанд мебошад.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2013 директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

 
Шокирзода Шодмон Шариф – Муовини якуми Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

28 декабри соли 1959 дар шахраки Дангараи нохияи Дангара, дар оилаи хизматчи таваллуд шудааст.

Соли 1982 факултаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси банақшагирии хоҷагии қишлоқ хатм кардааст. Дар ҳамон сол дар комитети комсомолии ноҳияи Данғара ба сифати ҷонишини котиби комитети комсомоли колхози «Ғайрат» - и ноҳияи Данғара фаъолияти меҳнатии худро оғоз кардааст.

Аз моҳи июни соли 1983 то моҳи августи соли 1984 иқтисодчии умури кишоварзии ноҳияи Данғара, аз августи соли 1984 то моҳи августи соли 1990 ҷонишини сардори шӯъбаи омори ноҳияи Данғара, аз моҳи марти соли 1990 то феврали соли 1991 сардори шӯъбаи баплангирию – иқтисодии ширкати «Сохтмони хоҷагии Оби Данғара».

Аз соли 1991 - сардори шӯъбаи омори ноҳияи Данғара.

Аз соли 2006 - муовини Раиси ноҳияи Данғара,

Аз соли 2008 - сардори сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон.

Аз моҳи марти соли 2011 - муовини якуми Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бо медали ҷашнии «20 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мукофотонида шуд. 

Асоев Асват – Муовини Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

30 моҳи июни соли 1953 дар ш.Данғараи вилояти Кӯлоб (ҳозира Хатлон)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст.

Дар соли 1982 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм кардааст. Аз соли 1969 ҳамчун таъмиргари Раёсати гармитаъмикунӣ дар ш.Қӯрғонтеппа ба фаъолияти меҳнатӣ оғоз кардааст.

Дар солҳои 1970-1983 ба сифати муҳосиб ва сармуҳосиби базаи автомобилии №2 фаъолияти худро давом дод.

Аз соли 1983 то соли 1989 ҷонишини муҳосиби калони иттифоқи ҷамъиятҳои матлубот, аз соли 1989 раиси комиссияи тафтишоти ташкилоти мазкур.

Аз соли 1997 то соли 2000 муовини Директори Агентии пуштибонӣ ва рушди соҳибкории хурди Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Аз соли 2001 муовини Раиси Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Аз 10 марти соли 2010 Муовини Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Давлатзода Қиёмиддин  – Муовини Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

20 моҳи июни соли 1975 дар ноҳияи Айнӣ вилояти Ленинобод (ҳозира Суғд)-и Тоҷикистон дар оилаи колхозчӣ таваллуд шудааст.

Дар соли 1998 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимиро бо ихтисоси муҳандис – менеҷер хатм кардааст. Дар ҳамон сол фаъолияти меҳнатии худро дар Агентии давлатии омори назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати иқтисодчӣ оғоз кардааст.

Дар соли 2006 сардори раёсати омори нақлиёт, алоқа, хоҷагии манзилию коммуналӣ, хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ ва ҳифзи муҳити зисти Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон таин шуда буд.

Аз 16 апрели соли 2010 – Муовини Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Другие новости